Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф дар ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласа бо иштироки муовинони раисон, мудирони кабинетҳои методӣ, сармутахассисони хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва директорони мактабҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод ва мудирони шуъбаи маорифи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барпо гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва имтиҳони ягонаи дохилшавӣ ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст сурат гирифт ва натиҷаи омӯзиши саросарии фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳяҳои номбурдаи вилоят аз тарафи гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова ва муовини раиси вилоят Раънохон Маҳмудзода оид ба бурду бохти маорифчиёни вилоят ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти соҳа ибрози ақида намуда, дар назди ҳозирин ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






