Ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ дар ҳузури Азим Иброҳим
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид. Дар ҷаласа вазъи омодагии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 барои истеҳсоли неруи барқ ва интиқоли гармӣ ба бинову муассисаҳои таъйиноти гуногуни шаҳр дар фасли зимистон, дар доираи талаботҳои экологӣ ба роҳ мондани фаъолияти ин марказ, таъмини пайванди хаттҳои интиқоли гармӣ ба иншооти пешбинишуда, афзун намудани истихроҷи ангишт дар конҳо ва фаъол гардонидани корҳои қабаткушоӣ дар конҳои ангишти мамлакат баррасӣ шуданд. Тавре ки таъкид шуд, бо назардошти ангиши захирашуда, маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар фасли зимистон бе танафус фаъолият намуда, аз 85 то 100 мегават неруи барқ ва 67,7 Гкл гармиро ба бинову иншооти шаҳри Душанбе аз тариқи қубурҳои пайвастшуда интиқол медиҳад. Мувофиқи маълумотҳо дар Душанбе 815 бинову муассисаи гуногун ба нуқтаҳои интиқолдиҳандаи гармӣ пайваст буда, аз инҳо 634-то бинои истиқоматӣ ва 181- тои дигари он корхонаи саноатӣ, боғчаву мактаб ва муассисаи тиббӣ мебошад. Дар айни замон 521 адад, ё ин ки 64%-и бино, муассисаву иншоот омодаи қабул намудани гармӣ мебошад. Вобаста ба масъалаи захираи ангишт ва истихроҷи он гуфта шуд, ки корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт тавонистанд, ки аз аввали сол то имрўз истихроҷи ангиштро ба 723,4 ҳазор тонна расонанд, ки ин нисбат ба ҳаҷми истеҳсолгардидаи умумии соли 2013 205,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Муовини Сарвазир Азим Иброҳим дар анҷоми ҷаласа таъкид бар он дошт, ки новобаста аз иҷро гардидани қисмати бештари омодагиҳо барои зимистонгузаронии муносиби солҳои 2014-2015 ҳанўз ҳам омодагиҳо қаноатмандкунанда нестанд ва барои беҳдошти сатҳи корҳо дар ин самт ба масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






