Ҷамъбасти «Бахтномаи миллат»
Душанбе, 3.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 1 ноябр дар филиали №23 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилоят Суғд озмуни вилоятии кормандони муассисаҳои “Амонатбонк” таҳти унвони «Бахтномаи миллат» бахшида ба 20-умин солгарди қабул шудани Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ 17 нафар ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявии кормандони муассисоти бонк иштирок доштанд.
Назар ба қавли сарвари филиали №23 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилоят Суғд Ҳ. Бобоев, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ташвиқу тарғиби Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар буда, дар ин замина барои ташаккул додани мавқеи шаҳрвандии кормандони муассисаҳи бонк ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон иқдоми ҷиддӣ сурат гирифтанд.
Дар озмуни вилоятиии “Бахтномаи миллат” иштирокдорон дониши худро дар бораи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода, ба суолҳои аъзои ҳакамон ҷавоб доданд. Доварон инчунин ба сатҳи дониши забони давлатӣ ва ҳунари суханварии ширкаткунандагони озмун баҳогузорӣ карданд.
Бо касби бештарини холҳо Фарида Тирандозова, муҳосиби филиали №37 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввал, кормандони филиали №38 дар шаҳри Чкалов Лола Мирова ва Дилмурод Норов ҷойи дуюм ва Мансур Махкамов, хазинадори филиали №28 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Ба ғолибон туҳфаҳои қиматбаҳо ва ба тамоми ширкаткунандагони озмун Сипоснома ва армуғони хотиравӣ супорида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






