Ҷамъбасти USAID TB CARE I

Ноябрь 20, 2014 15:08

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Пагох,  21 ноябри соли 2014 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” маросими тантанавии пӯшидашавии Лоиҳаи USAID TB CARE I, ки аз ҷониби филиали KNCV (Шоҳигарии нидерландии Ассотсиатсияи мубориза бар зидди бемории сил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида буд, баргузор мегардад.
 Лоиҳаи (USAID) (Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ) TB CARE I, ки аз ҷониби филиали KNCV (Шоҳигарии нидерландии Ассотсиатсияи мубориза бар зидди бемории сил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашта, мақсади он  расонидани кумак ва дастгирӣ ба Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар чунин самтҳои дастрасии умумӣ ба ташхис ва табобати сил, таъмини хизматрасонии босифати озмоишгоҳҳо, назорати сирояти бемории сил, пешбурди барномавии беморони шакли мутобиқгаштаи сил, мониторинг ва баҳодиҳӣ, гузаронидани тадқиқотҳои фаврӣ равона шудааст.
Чорабиниҳои муҳиме, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур амалӣ мешаванд, аз боздид намудани ҳуҷҷатҳои меъёриву роҳбарикунанда оид ба назорати бемории сил мувофиқи стандартҳои охирини байналмиллалӣ, такмил додани иқтидори кормандони тиб бо мақсади беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ ба беморон, инчунин расонидани кумак ва дастгирӣ дар ворид намудани таҷрибаҳои ҷадид ва самаранок дар самти назорати бемории сил дар ҳамаи сатҳҳои кишвар иборат мебошанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чорабинии мазкур оид ба пӯшидашавии Лоиҳа натиҷаҳои назаррас ва муҳим, инчунин сабақҳои гирифташуда дар ҷараёни вориднамоии Лоиҳаи TB CARE I дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.
 
 

Ноябрь 20, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад