Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чехия

Ноябрь 26, 2014 12:02

Душанбе, 26.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан, ки шоми дирӯз ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард, дар назди Қасри Миллат баргузор шуд. Ба ин муносибат дар саҳни қаср ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва навозандагони оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земанро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани меҳмони олимақом ба сарбозони тоҷик ва ҳамчунин бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии афсарону сарбозони Горди фахрӣ ба поён расид.Муҳокимаи масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки “Чехия дар сиёсати хориҷии мо мақоми хос дорад, зеро миёни ду ҷумҳурӣ ҳамкории ба ҳурду ҷониб судманд то давлати мустақил шудани Тоҷикистон ҳам вуҷуд дошт”. Изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои судбахши сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунанд.Милош Земан дар навбати худ аз фаъолияташ дар шаҳри Душанбеи солҳои 80-уми асри гузашга ёдовар шуда, аз рушди бонизоми кунунии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт: “Корҳое, ки ба шумо муяссар шуд, ба бисёр давлатҳои дигар муяссар нагардидааст. Дар муддати кӯтоҳ шумо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, бар терроризм пирӯз шудед”. Бо ишора ба нақшаҳои бузурги рушди иқтисодии Тоҷикистон Милош Земан таъкид дошт, ки дар ин ҷо барои ташкил ва густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо Чехия имконот фаровон аст.Меҳмони олимақом изҳори бовар намуд, ки сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвари дӯст такони тоза мебахшад. Зимни баррасии имконоти фарохи ҳамкорӣ, ки дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари ширкатҳои чехословакии КОВО, ТЕХНОПОЛ, ПОЛИТЕХНА ва ДАТАСИСТЕМ дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон изҳори бовар карда шуд, ки имрӯз ва оянда ҳам робитаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар густариши беш аз пеш пайдо мекунанд. Муҳокимаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла авзои Афғонистону дигар нуқтаҳои доғи олам низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан имзо гузоштанд.Ду санади дигари имзошуда инҳоянд: Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия; Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ.Дар нишасти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноат карда, ҳавасмандии амиқи ду кишварро ба таҳким ва густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯ таъйид намуданд.Милош Земан аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Чехия сафари ҷавобии расмӣ анҷом диҳанд.

 

Ноябрь 26, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад