Ҷашни Эсхата — иди мизоҷон аст

Ноябрь 28, 2014 11:59

Душанбе, 28.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Соли ҷорӣ барои Бонки Эсхата соли ҷашнӣ аст. 29 ноябр ба оғози фаъолияти бонк 20 сол пур мешавад. Санаи ҷашнӣ- сабаби ҷиддӣ барои баҳогузории муваффақиятҳои ба даст омада ва нигоҳ ба оянда- замоне, ки аз натиҷаи фаъолияти чандинсола хулосабардорӣ  шуда, самтҳои нави рушд ҷорӣ хоҳанд шуд. Яке аз афзалиятҳои бешубҳаи муассисаи молиявӣ барои мизоҷон ин устувории он аст ва нишонаи устуворӣ таҷрибаи корӣ дар бозори молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар қадаре, ки бонк ботаҷриба аст, ҳамон қадар устуворӣ ва хавфи кам дошта, эътимоду боварӣ ба ӯ зиёдтар аст. Устуворӣ-ин сифате ҳаст, ки дар соҳаи бонкӣ бештар қадр  мешавад. Барои бонк арзиши беҳтарин мизоҷ буда, дастоварди беҳтарин ин боварӣ ва эътимоди онҳост. Аз ин рӯ 20 сол дар бозори молиявии мамлакат- ин нишондиҳандае ҳаст, ки Бонки Эсхата аз муассисаи устувор ва босуботи молиявӣ буданаш ифтихор дорад. Ва сол аз сол ҳар чӣ бештар шумораи мизоҷони боваринок зиёд мегардад. Албатта, дар ҷаҳон бонкҳое ҳастанд, ки садҳо сол фаъолият доранд. Аммо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи 20 -сола дар бозори молиявии мамлакат — ин нишони таҷрибаи бои корӣ, суботу устуворӣ, дараҷаи баланди ихтисоси роҳбарият ба ҳисоб меравад. Махсусан агар ба назар гирем, ки ин ҳиссаи вақт солҳои 90-уми асри гузашта бо бӯҳрони молиявӣ тафовут дошт, зеро Тоҷикистон дар саргаҳи эҳёи низоми молиявӣ меистод. Дар ин давраи душвор, моҳи ноябри соли 1994 оғоз намудани фаъолият барои Бонки Эсхата, на танҳо давраи душворро паси сар намуд, балки натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, нақши муносибро дар бозори хизматрасонии бонкӣ ишғол намуд. Дар давоми фаъолияти худ, бонк барои ҳамкории дуру дароз ва судманд кӯшиш мекард. Чунин муносибат ба кор асоси рушди мунтазами Бонки Эсхата дар тӯли 20 соли фаъолияташ мебошад. Ва имрӯз Бонки Эсхата -иштирокчии бузурги бозори молиявии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз рӯи суръати афзоиши нишондиҳандаҳои молиявӣ Бонки Эсхата яке аз ҷойҳои намоёнро дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад. Бонки Эсхата ҳамчун ҳамсоли низоми қарзӣ-молиявии кишвар бо ифтихор ва қаноатмандӣ ҳамаи давраҳои ташаккул ва пешрафтро паси сар карда, мунтазам ҳолати бонки уствор ва босуботро гирифта, мавқеи ҷуғрофии худро васеъ мегардонад. Бонки Эсхата ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба стандартҳои баланд, ки ба қаноатмандии мизоҷон мутобиқ аст, нуфузи худро собит созад. Устуворӣ, фаврӣ будан ва кӯшиш барои дарёфти ҳалли осони муаммоҳо, фасеҳӣ ва омодагӣ барои пешвози тамоми хоҳишу орзуҳо дар ҳамҷоягӣ бо дастаи касбии кормандон — маҳз бо ин афзалиятҳо дар тӯли 20 соли фаъолият Бонки Эсхата тафовут дорад. Роҳбарияти бонк мекӯшад, ки бартарияти асосии бонк ҳамкорӣ бо соҳибкории хурду миёна, ташкилотҳои калони ҷумҳуриявию минтақавӣ, рушди тиҷорати чакана маҳсуб ёбад. Ҳамзамон самти анъанавии бонк-интиқоли пулӣ, қарздиҳӣ ва онлайн хизматрасониҳо боз ҳам рушд хоҳанд ёфт. Такя ба ҷашни 20 — солагӣ дар соли 2014 умеди калон бахшидааст, ки хизматрасониҳои ҷолиб ва маҳсулотҳои бонкӣ барои мизоҷон ҷорӣ гардиданд ва ҷорӣ хоҳанд шуд. Инҳо хизматрасониҳои фосилавии Интернет Бонк, Овердрафт, Боварӣ ва ғайраҳо мебошанд. Бахшида ба 20 -солагии бонк аксияи идона эълон  шуд, ки иштирокчиёни он туҳфаҳои гуногун, аз қабили мошин, телевизор, смартфон, роҳхат ба Дубай бурд намуданд. Бар замми ин то охири сол Бонки Эсхата дар нақша дорад, ки боз якчанд лоиҳаи навро барои ҳамкории дурудароз пешниҳод намояд. 
-Бонки мо мавқеи ҷойгиршавии худро боз ҳам васеътар мекунад, хизматрасониҳои худро дар дигар минтақаҳои кишвар барои мизоҷонаш пешниҳод мекунад. Мо хизматрасониро дар сатҳи баланд амалӣ намуда, итминони комил дорем, ки дар тамоми минтақаҳои фарогири бонк хизматрасонии Бонки Эсхата афзалияти бештару хубтарро пайдо карда истодаанд, -изҳор кард раиси Раёсати Бонк Х.  Носиров.
Ҳамзамон мо боре ҳам аз хотир намебарорем, ки ҳамаи муваффақияту дастоварди мо бе муносибати дӯстонаву дарозмуҳлат бо мизоҷону ҳамкорон имконнопазир аст. Ба роҳ мондани беҳбудии ҳар як мизоҷ сарчашмаи фаъолияти бонк ба ҳисоб меравад, зеро муваффақияти мизоҷон-ин дастоварди асосии бонк аст. 
 
 
 
 
 

Ноябрь 28, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд