16 рӯзи зидди зӯроварии гендерӣ

Ноябрь 26, 2014 11:53

Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Дар ҳошияи маъракаи умумиҷаҳонии «Зӯроварӣ нисбат ба занонро бо ҳам аз байн мебарем» дар Рӯзи байналмилалии мубориза барои аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон, чун дар саросари ҷаҳон, маъракаи «16 рӯзи амалиёти зидди зӯроварии гендерӣ» оғоз меёбад. Дар ин бора аз намояндагии СММ — занон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба иттилои манбаъ, 16 рӯзи зикршуда, яъне аз 25 ноябр то 10 декабр, ба маъракаҳои амалиёти зидди зӯроварӣ нисбат ба занону духтарони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон бахшида мешаванд.Дар ин давра ба манзури дар минтақаҳои мухталифи кишварамон баланд бардоштани сатҳи воқифият аз мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон чандин чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд.Намояндагони агентиҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва тақвият бахшидани воқифият аз дағалона вайрон кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.Ба гуфтаи манбаъ, имсол Рӯзи байналмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон ва «16 рӯзи амалиёти зидди зӯроварии гендерӣ» дар вазъияте рух медиҳанд, ки мардуми ҷаҳон ба таҷлили 20 – умин солгарди Муоҳадаи пекинии фаъолият тайёрӣ дида, мӯҳлати Эъломияи ҳазорсола анҷом ёфта, рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд арзи ҳастӣ пайдо мекунад.

Ноябрь 26, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад