40 рӯзи даъват чӣ натиҷа дод?
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Лайло Тоирӣ). — Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ беш аз 40 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат бисёре аз комиссияҳои давлатии даъват иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра иҷро намуданд. Дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат вилояти Хатлон аз ҳама минтақаҳо пешсаф буда, фаъолияти бисёре аз комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар ин вилоят дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷамъомаде, ки ҳафтаи гузашта бо иштироки мақомоти вобаста ва комиссарони ҳарбии ин минтақа доир гардид, нахуст дар баробари пешравиҳои масъулини соҳа ҷараёни ин маъракаи сиёси таҳлилу баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки омилҳои асосии пешравиҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ба дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳия, фаъолияти хубу назарраси раисони ҷамоату деҳшӯроҳо, маҳаллаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар масъулини комиссияҳои таъсисёфтаи даъватӣ вобастагии зиёд дорад.Зимни суҳбат муовини комиссари ҳарбии вилояти Хатлон полковник Искандар Назаров ба мо иттилоъ дод, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ин минтақа, барои баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ — ватандӯстӣ нақшаи муайян доранд, ки аз як мавсим то мавсими даъвати дигар онро дар амал татбиқ менамоянд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои даъватӣ нисбат ба солҳои пешин боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шудаанд. То 10-уми ноябр дар ин минтақа ба ғайр аз шаҳри Хоруғ дигар ҳама навоҳии ин гарнизон аз иҷрои пурраи нақша гузориш дода, иҷрои уҳдадории масъулин дар самти чорабиниҳои даъватӣ ба 98 фоиз баробар аст.Дар вилояти Суғд аз 18 ноҳия дар давоми 40 рӯзи ин маърака беш аз 10 шаҳру навоҳии ин минтақа иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонид. Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ин гарнизон аз якуми октябр то ин дам иҷрои нақшаро ба 95 фоиз баробар намуданд. Дар давоми 40 рӯзи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 86 фоизро ташкил медиҳад.Дар байни комиссияҳои даъватии ин минтақа ноҳияҳои Рашту Роғун аллакай аз иҷрои нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ҷараёни чорабиниҳои даъватиро дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт метавон намунавӣ арзёбӣ намуд. Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ин ноҳияҳо дар давоми беш аз як моҳ иҷрои нақшаро ба 93 фоиз баробар намуданд. Умуман, аз якуми октябр то 10-уми ноябри соли ҷорӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 96 фоиз баробар гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






