А. Қодирӣ: Сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардоред

Ноябрь 12, 2014 09:27

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ, ки соли 1938 бунёд ёфтааст, пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.Таъмири бино аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст. Дар беморхона 300 нафар корманд ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб ба беморон хизмат мерасонад.Раиси вилоят дар назди кормандони беморхона таъкид намуд, ки бо мусоидати мақомоти иҷроия дар ояндаи наздик муаммоҳои дигари табобатгоҳ, аз қабили барқарорсозии низоми ягонаи гармидиҳӣ, таъминоти он бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳалли худро меёбанд.Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба роҳбарияти ин муассисаи тиббӣ тавсия дод, ки барои фаъолият ба беморхона кадрҳои ҷавон ҷалб гарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам боло бурда шавад.

Ноябрь 12, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад