Арҷгузорӣ ба Сарқонуни кишвар

Ноябрь 4, 2014 15:46

Душанбе, 04.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. 
 Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии кумита Ҷалолиддин Нуров, дар чорабинии мазкур сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми кумита, Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 
Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро ба 20-умин солгарди Сарқонуни кишвар шодбош гуфта, онро бахтномаи миллат баён дошт. 
Гуфта мешавад, ки мавсуф аз таърихи қабули Сарқонуни кишвар ёдовар шуда, пешравию шукуфоӣ ва созандагию ободкории кишварро самараи ин муқаддасоти давлатӣ баён доштааст.
Дар охир роҳбарияти кумита ҳозиринро вазифадор намуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихӣ  дар корхонаю ташкилоти худ масъул буда,  муҳтавои ин муқадасотро ба насли наврасу ҷавон омўзонанд ва онҳоро ба ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба қонунҳое, ки аз Сарқонун сарчашма мегиранд, ҳидоят созанд.
 
 

Ноябрь 4, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад