«Авруосиё моем!» — 2014

Ноябрь 3, 2014 12:26

 
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Руқияи  Боймамад).-  Бо  дастгирии Вазорати  маориф  ва  илми  Федератсияи  Русия,  Агентии  федералии  умури  ҷавонон  ва ҳукумати вилояти  Рязан  аз  26  октябр  то  1 ноябр  дар   шаҳрҳои Маскав  ва  Рязан ҷашнвораи  ҷавонону  донишҷӯёни  кишварҳои  минтақаи  ҳамсоягии  неки «Авруосиё  моем!»  баргузор  гардид.
«Авруосиё моем!» ҳамоиши  байналмилалиест, ки  беш  аз  200  нафар  намояндагони  33  кишвар  аз  ҷумлаи   роҳбарони  созмонҳои  ҷавонон,  журналистон,  сиёсатмадорони  ҷавон, ходимони  илму  фарҳанги  кишварҳои  фазои Авруосиё,  ҳамчунин   донишҷӯёни  муҳассили  донишкадаҳои олии  Федератсияи  Русияро  ҷамъ  овард.
Яке  аз  вазифаҳои   барномаи  мазкур  иборат  аз  барқарор  намудани  равобити  мустақими ҳайатҳои  намояндагони  ҷавони  доираҳои  ҷамъиятию  сиёсии  ИДМ,  кишварҳои  Балтия, Обҳозистон ва Иристони  Ҷанубӣ  мебошад.
Натоиҷи   татбиқи  лоиҳа   дар   бахши   рушди   ҳамкории   байналмилалии  иқтисодӣ,  гуманитарӣ  ва  фарҳангию  сайёҳӣ,  ташаккули  симои   мусбати  Русия  дар  байни  намояндагони  ҷавони   давлатҳои  хориҷӣ   мавриди  истифода  қарор  мегиранд.

 
 

Ноябрь 3, 2014 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад