Аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ

Ноябрь 10, 2014 16:06

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ  дар ТҶ «Хома» 10 ноябр шурўъ шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» иттилоъ доданд, барномаи таълимӣ кормандони телевизион ва донишҷўёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистонро ҷалб намудааст, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар соҳаи дизайн сайқал диҳанд. Дар миёни иштирокчиён нафароне низ ҳастанд, ки ҳунари рассомӣ ва донишҳои заминавии компютерӣ дошта, дар оянда хоҳиши бо графикаи телевизионӣ машғул шуданро доранд. Барномаи таълимӣ аз ду давра иборат аст. 
Даври аввал панҷ рӯз (10-14 ноябр) идома ёфта, онро тренерони маҳаллӣ мегузаронанд.
Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар даври якуми омӯзиш ба иштирочиён барномаҳои махсуси компютерӣ омўзонида мешаванд, ки аз тариқи онҳо сохтани саҳнаи вертуалӣ, декоратсияҳо ва «муқоваи» барномаҳои телевизионӣ осон мегардад. Ҳамзамон бо иштирочиён рассомон, аккосон, наворбардорону коргардонони ботаҷриба кор бурда, ба онҳо нозукиҳои кори телевизион,  истифода ва танзими  дурусти наворҳо, сохтани  эскизи декоратсияҳои телевизионӣ, фарқи тобиши ранг ва рӯшаниро  меомўзонанд.
Даври якум иштирокчиёнро ҳамаҷониба барои даври дуюми омўзиши дизайни телевизионӣ омода месозад, ки рўзҳои 24-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Дар он бо ҷалби тренери хориҷӣ  иштирокчиён бо омўзиши графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ фаро гирифта мешаванд.
 
 

Ноябрь 10, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад