Баррасии ҳамкориҳо миёни давлатҳои узви ИБ СҲШ
Душанбе, 7.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Аз 26 октябр то 2-юми ноябри соли равон дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай (ИБ СҲШ) дар мавзӯи «Таҷаддуди роҳи бузурги абрешим» бо иштироки намояндагони бонкҳои давлатҳои узви СҲШ семинари байналхалқӣ баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар ин семинар муовини раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷидин Икромов доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ аз тариқи таҷдид ва рушди Роҳи бузурги абрешим ва густариш додани ҳамкориҳо дар самти иқтисодию молиявӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани равобити бонкҳои узви созмони мазкур дар ҳамаи самтҳои фаъолият маърӯза намуд.
Сироҷиддин Икромов зикр намуд, ки танҳо ҳамкориҳои гуногунҷабҳа метавонанд шарқро бо ғарб аз Уқёнуси Ором то ба баҳри Хазар ва Балтик, ки роҳи бузурги абрешим қарнҳо давлатҳои ду канори Авруосиёро бо ин роҳ мепайваст, дигарбора ба ҳам биёранд ва ин заминаи устувори мустаҳкамии СҲШ хоҳад шуд. Бояд гуфт,ки С. Икромов бо сарвари филиали Бонки Рушди Чин дар минтақаи Синдзян Жао-Гаопин дар шаҳри Урумчӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо БРЧ баррасӣ гардид.
Зимни ин вохӯрӣ шартҳои созишномаи қарзӣ ба маблағи 10 млн. доллари Амрико барои рушди хочагии халқ ва дастгирии сохибкории хурду миёна дар минтақаҳои кӯҳистон аз тариқи «Амонатбонк» муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






