Беҳсозии ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда дар ПГ
Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодмқ).- Дирӯз дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологӣ (ПГ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи беҳтар гардонидани шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Чумҳурии Тоҷикистон » ифтитоҳ гардид. Дар он Кентаро Соноура, муовини вазири парламентии корҳои хориҷии Ҳукумати Ҷопон, Насимҷон Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Чумҳурии Тоҷикистон ва Саодат Азимова, директори Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар кормандони беморхона ширкат варзиданд. Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 111,283 доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи «Барномаи Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» маблағгузорӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






