Беш аз 62 миллион тонна бор интиқол дода шуд

Ноябрь 24, 2014 13:56

Душанбе,  24.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих ).- Тайи  10  моҳи  соли  ҷорӣ тавассути  ҳамаи  намуди нақлиёти  Тоҷикистон  беш  аз 62,2  миллион  тонна  бор  интиқол дода шуд, ки  нисбат  ба ҳамин  давраи  соли  2013  баробари  3  фоиз  зиёд  аст. Дар  ин  бора  аз  Агентии   омори  назди Президенти  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  дар  давраи  зикршуда тавассути  нақлиёти  рӯизаминӣ 99 фоизи ҳаҷми  умумии боркашонии  кишвар интиқол  ёфтааст. Дар  ҳамин  давра тавассути  нақлиёти   автомобилӣ   беш  аз  56,8  миллион  тонна  бор  интиқол  ёфта, ҳаҷми  боркашонӣ  тавассути нақлиёти  автомобилӣ  нисбат ба  ҳамин давраи  соли гузашта баробари 3,5  фоиз  азиёд  шудааст. 
Тавассути  нақлиёти  роҳи  оҳан  5,4  миллион  тонна  бор  интиқол  ёфтааст, ки  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  2013 –ум  97,6  фоизро  ташкил  медиҳад. 
Ба  ҳамин тариқ,  91,3  фоизи  ҳаҷми  умумии   боркашонӣ  дар  кишвар  ба  нақлиёти  автомобилӣ  рост  меояд.

Ноябрь 24, 2014 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад