Боздид аз МОИ «Суғд»
Хуҷанд, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода ).- Намояндагони ширкати нақлиётии «Желдоринтегратсия» — шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуданд.Тавре ки аз МОИ «Суғд» хабар доданд, ширкати мазкурро муовини директори генералӣ Елена Безденежних, директори бахши савдо Наталя Аверянова намояндагӣ намуданд. Мақсади боздид таҳқиқи манофеъ дар бахши боркашонии байни молдиҳандагони Русия ва истеъмолкунандагони Тоҷикистон буд.Ширкати нақлиётии «Желдоринтегратсия» ба боркашонӣ машғул буда, имконияти ба Русия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик интиқол додани ҳар гуна амволро дорад. Аз рӯи натиҷаи мулоқот аҳд шуд, ки гуфтушунид перомуни ҳамкории дуҷониба давом дода шавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






