Боздиди Валерий Бондаренко аз ДДХ

Ноябрь 10, 2014 14:47

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко имрӯз ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омада, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, Валерий Бондаренко аз таассуроти неки хеш роҷеъ ба мардум ва миллати тоҷик, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе изҳор намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки дар як муддати кӯтоҳ симои кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, он зина ба зина рушд дорад.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуда, изҳор дошт, ки тавассути ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дуҷониба, хусусан байни донишгоҳҳои Федератсияи Русия лоиҳаҳои ҷадиди судовар амалӣ мешаванд. Боиси хурсандист, ки Тоҷикистон бо Русия равобитаи дӯстонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Валерий Бондаренко гуфт, ки минбаъд миёни донишгоҳҳои  гуногуни Русия ҳамкории пурсамарро ба роҳ хоҳад монд. Консули генералӣ  омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия якчанд фонд барои омӯзиши забони русӣ ва дастгирии он таъсис шуда, дафтари намояндагии «Россотрудничество» дар Душанбе фаъол аст.
Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ факултаи  филология амал мекунад, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорони забони русӣ нақши муассир дорад. Дар заминаи ин факулта метавон курсҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монд. Ҳамчунин барои донишҷӯёни омӯзандаи забонҳои форсӣ-тоҷикӣ дар донишгоҳ имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд. Роҳбарияти донишгоҳ омода аст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо дар моҳҳои апрел-май нишасти васеи ректорони донишгоҳҳои Русияро барпо намояд.  

Ноябрь 10, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад