Бозхонд гардидани судя бо ҷурми порагирӣ

Ноябрь 20, 2014 14:08

 
 Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов-судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаън ва эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки  17 июли соли равон дар ҷараёни иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии ҷумҳурӣ Маҷлиси миллӣ барои ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани Ҷ. Исроилов ризоият дода буд. 
    Қазияи Ҷ. Исроилов  бо ҷурми гирифтани 8 000 $ пора аз роҳбари хоҷагии деҳқонии «Саидшариф Шарифов»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳасанов М.А  дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ -тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардид.  
        Ҳамзамон дар иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Президенти кишвар ва қарори Маҷлиси миллӣ ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Маҳмадшоев бинобар вафоташ қатъ карда шуд.    
 

Ноябрь 20, 2014 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст