Бозомӯзии масъулини бахши туризми Тоҷикистон дар Малайзия
Душанбе,12.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Гурўҳи 15 нафараи коршиносони бахши давлатӣ ва хусусии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Малайзия баҳри амалӣ намудани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм дар кишвари Малайзия қарор дорад.Бино ба иттилои бахши туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, масъулини бахши туризм барои бозомўзӣ аз таҷрибаи бойи ин кишвар дар соҳаи туризм ва ҷалби бештари сайёҳони ин кишвар ба Тоҷикистон аз 11 то 18 ноябри соли ҷорӣ дир ин кишвар қарор доранд. Гуфта мешавад, ки барномаи бозомўзӣ хеле мукаммал буда, дар он тамоми нозукиҳои соҳа баррасӣ мегарданд. Дар баробари муаррифии имкониятҳои туристии Малайзия инчунин имкониятҳои туристии Тоҷикистон низ барои кормандони Вазорати туризм ва фарҳанги Малайзия ва ширкатҳои сайёҳии ин давлат муаррифӣ хоҳанд шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






