Д.Норайни: «Мо хоҳони дар Тоҷикистон афзудани сайёҳони Малайзияем»
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- «Аз давраи 22 сол муқаддам барқарор шудани муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳоямон ин муносибатҳо ҳамеша хубу дӯстона буданд. Баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия муносибатҳоямон ба сатҳи сифатан нав баромаданд», — гуфт сафири Малайзия дар Тоҷикистон Дато Норайни баъди 18 ноябр ба Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон супурдани эътимодномаҳо.
Сафир, аз ҷумла зикр намуд, ки байни ҳар ду кишвар дар бисёр соҳаҳо ҳамкории зич барқарор шуда, хусусан дар соҳаи маорифу сайёҳӣ ба таври шоиста густариш меёбад. Имрӯз теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии Малайзия таҳсил менамоянд ва чанде пеш Донишгоҳи технологияҳои креативии Малайзия ба номи Ликог Вин шартномаро дар бораи дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудани намояндагиаш бо Ҳукумати Тоҷикистон имзо намуд.
«Баъди сафари Э.Раҳмон ба Малайзия мо 20 нафар намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистонро барои иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба Малайзия даъват намудем. Байни мо дар бахши тарбияи кадрҳо низ аз рӯи барномаи ҳамкории техникии Малайзия муносибатҳои басо хуби ҳамкорӣ барқарор шудаанд. То ҳол беш аз 148 нафар хидматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Малайзия таҳсил мекарданд. Умедворам, ки ин барнома минбаъд ҳам идома меёбад», — гуфт Дато Норайни.
Мувофиқи суханони сафир, шумораи сайёҳони ба Малайзия сафаркунандаи тоҷик сол аз сол меафзояд. «Мо ҳамчунин мехоҳем, ки теъдоди он сайёҳони Малайзия, ки хоҳиши ба Тоҷикистон омаданро доранд, афзоиш ёбад. Бовар дорам, ки баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ҳамкории судманд дар бахшҳои дигар ҳам рушду густариш хоҳад ёфт», — гуфт дар хотима сафири Малайзия дар Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






