Дар Афғонистон масоҳати кишти кӯкнор афзоиш ёфт

Ноябрь 14, 2014 11:36

 
Душанбе, 14.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Лайло Тоирӣ).-12 ноябри соли 2014  Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сомонаи худ ҳисоботи пешакӣ оид ба истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар соли 2014-ро ҷойгир намуд. Мутобиқи тадқиқоти муттахассисони РСММ дар соли ҷорӣ  масоҳати кишти кӯкнор дар Афғонистон  224 ҳазор гектарро ташкил намуд, ки он аз нишондоди соли гузашта  7 % афзуд.
Дар муқоиса бо соли гузашта, шумораи умумии вилоятҳои ин давлат, ки дар он ҷо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шудааст, тағйир наёфтааст, чунки ду вилояти дар шимол буда мавқеи худро дигаргун намуданд. Вилояти  Балх ба худ мавқеи озод будан аз кишти кӯкнорро баргардонид, вале дар вилояти  Сари Пул кишти кӯкнор дар  195 га ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз 34 вилояти  Афғонистон дар  19 вилоят кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда, 15-тои дигар аз кишт озод аст.   
Бино ба  иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ, аз ҳисоби вилоятҳои шимолӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, вилоятҳои Тахор  ва   Қундуз  аз кишти кӯкнор  ҳоло ҳам озоданд. Ин ду вилоят дар муддати 5 соли охир ин мавқеи худро аз даст надодаанд.  Имсол ба чунин вилоятҳои озод аз кишти кӯкнор вилояти Балх низ дохил шуд, ки соли гузашта дар ҳудуди он дар масоҳати  410 га кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда буд.
Дар ҳудуди вилояти  Бадахшон масоҳати кишти кӯкнор 77 % афзоиш ёфта, аз  2374 га  дар  соли  2013  то  4204 га дар  соли   2014 зиёд гашт. 
Чун дар солҳои пешин, қисмати асосии кишти кӯкнор ба минтақаҳои ҷанубу ғарбии Афғонистон рост меояд, ки таъсири қувваҳои зиддиҳукуматӣ дар онҳо зиёд аст. Соли  2014 дар ҳудуди ин минтақа 89 %  масоҳати кишти кӯкнор  ба қайд гирифта шуд, ки он аз ҳисоби умумии  масоҳати кишт дар ҳудуди Афғонистон мебошад.
Яке аз сабабҳои зиёд гаштани кишти кӯкнор ин  паст будани шумораи нобудсозии масоҳатҳои кишти кӯкнор мебошад.  Дар давоми сол  — 2692 га замин  бо кишти кӯкнор  нобуд карда шуд, ки ин нишондод 63 % камтар назар ба соли 2013 —  (7348 га) мебошад.
Истеҳсоли афюн дар  Афғонистон дар соли  2014  ба  6400 тонна баҳогузорӣ шуд,  ки ин нишондод назар ба соли  2013 —  17 % зиёд гашт.  Сабаби асосии афзоиши истеҳсоли афюн  ин зиёд гаштани ҳосил дар минтақаҳои ҷанубии Афғонистон гашт, ки дар онҳо ҷамъоварии ҳосил  27 % зиёд шуд (аз 23,2 кг аз  га  дар соли 2013 то 29,5 кг аз 1 га дар  2014).
Аз ҳисоби миёна дар ин мамлакат  аз  1 га —  28,7 кг афюн ҷамъоварӣ шуд, ки он  9 %   зиёдтар назар ба соли  2013 (26,3 кг)-ро ташкил дода буд.
Дар соли 2014 нархи афюн дар тамоми минтақаҳои Афғонистон коҳиш ёфт. Эҳтимолияти пастшавии нарх ин зиёд гаштани истеҳсоли он мебошад.  Нархи миёнаи афюни навистеҳсолшуда дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 114 доллари ИМА барои 1 кг, дар ҳоле, ки соли 2013 барои 1 кг афюн  143 доллари ИМА дода мешуд.

Ноябрь 14, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд
Дар ноҳияи Рашт мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳи дохилии деҳаи Поҷеи поён оғоз гардид
Мақолаи олими тоҷик дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» дар Испания сазовори ҷойи дуюм гардид
Дар Панҷакент насби таҷҳизот ва қубурҳои обкашонӣ барои майдонҳои кишт идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ноҳияи Ашт 3 километр роҳ мумфарш карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об — тамоюли дигари таҳдидовар аст, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст»
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Агентии омор дар ин мавзуъ ҷамъомад баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо гулчанбаргузорӣ оғоз мешавад
Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид
Дар Исломобод таҳти унвони «Tajikistan-Pakistan Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор шуд