Дар Суғд беш аз 84 килограмм маводи мухаддир нест карда шуд
Хуҷанд, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- 5 ноябр дар ҳузури комиссия аз ҷумлаи намояндагони прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ВАО дар Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд маросими нест кардани маводи мухаддир баргузор шуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти агентӣ хабар доданд, 84 килограмму 269 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 44 килограмму 73 грамм героин, 32 килограмму 289 грамм тарёк ва 5 килограмму 808 грамм ҳашиш дар кураи махсуси агентӣ оташ зада шуд.
Ин миқдор маводи мухаддир дар ҷараёни амалиёти фаврии кормандони агентӣ ва мақомоти дигари дахлдор мусодира шуда буд.
Кормандони мақомоти дахлдор тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 588 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тайи 10 моҳи соли гузашта кормандони мақомоти дахлдор 186 ҷинояткории марбут ба маводи нашъаоварро ошкор намуда буданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






