“Дастрасӣ ба маблағгузориҳои сабз”- намоишгоҳ

Ноябрь 20, 2014 12:15

 

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамзода). -Имрӯз дар “Кохи Борбад” маросими ифтитоҳи  расмии намоишгоҳи  “Дастрасӣ ба маблағгузориҳои сабз” баргузор гардид.
Намоишгоҳро муовини вазири молияи кишвар Меҳринамоҳ Ҷонмамадова бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ намуд. Дар намоишгоҳ Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Клаус Герҳауссер-директори генералии Раёсати бахши Осиёи марказӣ ва ғарбии Бонки Осиёии рушд, Си Си Ю- намоянда аз Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, доктор Ёнг-Ҳюн  Нам — директори гурӯҳи барномавии мубодилаи дониши Бонки содирот ва воридоти Корея, директори лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз Аҳлиддин Убайдуллоев, Самира Шарифхоҷаева- директори миллии манзил барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои  манзилӣ ва маишии мутобиқ ба муҳити зист ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Гуфта мешавад,ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи мазкур муайян намудани муштариёни алоқаманд ба истифодаи фурсати дарёфти қарзҳои хурд ва қарзҳо, пешбурди дастрасӣ ба неруи сабз, беҳбуди самаранокии неру дар Тоҷикистон мебошад.  
 
 

 

Ноябрь 20, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст