ДДХ сазовори Ҷоми мусобиқаи кушод оид ба футбол
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мусобиқаи кушод оид ба футбол байни дастаҳои донишгоҳҳои олии шимоли кишвар, ки аз 7-ум то 10-уми ноябри соли 2014 аз тарафи ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» ташкил ёфт, сазовори Ҷоми мусобиқа гардид.Тавре ки декани факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур Сайфулло Бойматов иттилоъ дод, дар мусобиқа тимҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, дар бозии аввал тими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дастаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бар ҳисоби 3 ба 0 ғолиб баромад. Дар давраи ниҳоӣ тими донишгоҳ ба дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби калон 5-1 ғолиб баромада, сазовори унвони ғолиби мутлақи мусобиқа гардиданд.Ин манбаъ афзуд, ки дар ҳайати тими донишгоҳ асосан донишҷӯёни факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва ду нафар аз факултаҳои кибернетика ва телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ шомил мебошанд. Аз тарафи ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» ба ҳайати тими донишгоҳ телефонҳои мобилӣ бо симкортҳояш тақдим шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






