Дипломатҳои тоҷик бо муҳоҷирон суҳбат мекунанд

Ноябрь 24, 2014 13:54

Душанбе,  24.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).-  Сардори  раёсати  хидматрасонии  консулии Сарраёсати  консулгарии  ВКХ ҶТ Садбарг  Ғаниева  ва Консули  генералии  ҶТ  дар  шаҳри  Екатеринбург Сафар  Сафаров   дар   шаҳрҳои  Новосибирск,  Кемерово,  Томск,  Омск,  Новокузнетск,  Рубсовк,  Барнаул ва  Оби округи  Сибири   Федератсияи  Русия  ба  ҳамватанонамон  кори  тавзеҳотию  иттилоотиро  анҷом  доданд. 
Дар хадамоти  матбуоти  Сафорати  ҶТ  дар  ФР дар  ин  бора  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд. 
Мувофиқи  суханони  манбаъ, дар  ҷараёни  вохӯрӣ  бо  роҳбарият  ва фаъолони  ҷамоаи  тоҷикони   шаҳрҳои  зикршуда, роҳбарони гурӯҳҳои  сохтмончиён, коргарони  касбашон  гуногун ва муҳоҷирони  меҳнатӣ  тартиби  ба расмият  даровардан ва  гирифтани  шиносномаҳои  хориҷӣ,  ҳамчунин  қоидаҳои  нави   муҳоҷират  дар ФР, ки  аз  1  январи  соли  2015 дар қаламрави  Русия  эътибор  пайдо  мекунанд,  тавзеҳот  дода  мешавад.
«Дар  боби  шиносномаҳои биометрии  хориҷӣ  гирифтани шаҳрвандонамон ҳоҷати ташвиш  нест. Мо барои фароҳам  овардани шароити мӯътадил ва давра ба давра таъмин  намудани  шаҳрвандони дар  Русия  будаамон бо  шиносномаҳои  хориҷӣ  ҳамаи  чораро  мебинем. Ин  масъала  таҳти назорати  муовини  аввали вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон Озода  Раҳмон ва  сафири ҶТ  дар  ФР Имомуддин  Сатторов қарор дорад», — гуфт намояндаи расмии  Сафорати  ҶТ  дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод. 

Ноябрь 24, 2014 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад