Душанбегиҳо об захира намоед!
Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» муваққатан қатъ мешавад. Тибқи ин қарор аз соати 22:00 рӯзи 19 ноябр то соати 24:00 -и 20 ноябри соли равон интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино, инчунин хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мешавад. Хамзамон аз соати 22:00-и рӯзи 25 ноябри соли равон то соати 24:00 рӯзи 26 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Зайнаббибӣ, У.Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ, ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2; кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77,ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2;ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мешавад. Инчунин аз соати 22:00 рӯзи 2 декабр то соати 24:00 рӯзи 3 декабр интиқоли оби ошомиданӣ ба ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, ноҳияи Сино: шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав қатъ кунонида мешавад. Дар асоси қарори мазкур ҳамзамон аз соати 22:00 рӯзи 9 декабр то соати 24:00 -и 10 декабр интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковскийи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои Роҳи оҳан то меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК-и ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад. Тибқи ин қарор шаҳрдории Душанбе аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш намудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ҳамзамон раисони чор ноҳияи пойтахт ва мудири КВД «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар ин рӯзҳо бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони кӯчаю маҳаллаҳои мазкурро бо оби ошомиданӣ таъмин созанд.