Э. Раҳмон: 22 корхона афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин накардааст

Ноябрь 12, 2014 16:27

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон имрӯз зимни суханронӣ бо фаъолон ва аҳолии ноҳияи Ёвон зикр намуд, ки дар ин ноҳия тайи ду соли охир беш аз 4,5 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Дар баробари ин, таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ аз 38 корхонаи хурду калони мавҷуда 22 корхона суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин накарда, 8 корхона аз фаъолият бозмондааст.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки таъмини фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди минбаъдаи ноҳия, инчунин тараққиёти соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ин маврид мақомоти дахлдорро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бартараф сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.Президенти кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор кард, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, иҷрои босифати буҷет, инчунин пардохти саривақтии уҳдадориҳои буҷетӣ ва музди меҳнати кормандон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ноябрь 12, 2014 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд