Э.Раҳмон: «Ба рақобатпазирии сементи ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳед»
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Ёвон бо фаъолон ва аҳолии ноҳия мулоқот намуд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар зикр намуд, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб 360 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли равғани растанӣ ва орду семент ба амал омадааст. Аз ҷумла, дар корхонаи истеҳсоли семент дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 660 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки ин омил дар таъмини талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад. Бунёди корхонаи семент имконият дод, ки истеҳсоли семент тадриҷан зиёд гардида, дар як муддати кӯтоҳ ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар беш аз ду баробар кам карда шавад. Ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ ба 865 ҳазор тонна расонида шуд, ҳол он ки нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 120 ҳазор тоннаро ташкил медод. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ин маврид масъулони соҳаро зарур аст, ки ба сифат ва рақобатпазирии сементи ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, инчунин ба масъалаи тозагии муҳити зист таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






