Э. Раҳмон эътимодномаи У. Канчулиро қабул кард

Ноябрь 18, 2014 16:20

Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қатори  эътимодномаҳои сафирони навтаъйини 9 давлати ҷаҳон эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчулиро низ қабул намуд.   
Улиси Канчули пас аз супоридани эътимоднома дар ҳузури хабарнигорон ҳадафи асосии  талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама боз ҳам таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои байни ду кишвар- Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 маншаъ мегиранд, арзёбӣ намуд. 
Сафири нави фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи ду кишвари дӯст саҳми намоён гузошта, тамоми саъю неруи худро дар самти тақвияти равобити гуногунсоҳаи Мексикаву Тоҷикистон равона хоҳад кард. 
«Дар оянда низ  Мексика ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар асоси робитаҳои дуҷониба ва дар партави ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои худро дар роҳи истодагарӣ ва ё мубориза алайҳи чолишҳои ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим идома хоҳад дод. Чунин ҳамёриву ҳамкорӣ барои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар такони тоза мебахшад»,- иброз  дошт сафири тозаинтихоб. 

Ноябрь 18, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад