Э.Раҳмон: Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намудааст
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсия Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид намуд, ки: «Конститутсия озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст».
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии хеш зикр намуд, ки «Маҳз ба ҳамин хотир дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






