Фарҳанг ва тамаддуни Ҳисори шодмон
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори шодмон рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм, кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Фарҳанг ва тамаддуни Ҳисори шодмон» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид.
Тавре ки Машҳура Абдуллоева аз донишкадаи мазкур иттилоъ дод, дар кори он меҳмонон аз Ҳисори шодмон — Султонмурод Одинаев, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҳисори Зарнисор», Комилҷон Ғаниев, ҳофизи халқии Тоҷикистон, Сайфиддин Акрамов, ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Хайрулло Давлатов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ҳисор, Алиҷон Мирзоазизов, сардори корхонаи пиллапарварии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада Ашурбой Солиев кушода, афзуд, ки боиси ифтихори халқи тоҷик аст, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 37-уми ЮНЕСКО дар қатори дигар ҷашнҳо таҷлили бошукӯҳи ҷашни 3000-солагии Ҳисор низ шомил гардидааст, ки он 10 сентябри соли 2015 дар кишварамон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад ва ҳамоиши имрӯза ҳам дар доираи он баргузор мегардад.
Иштирокчиёни конфронс филми мустанади омода намудаи донишҷӯёни курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандии факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандиро тамошо карда, маълумоташонро доир ба ёдгориҳои таърихии Ҳисори шодмон мукаммал сохтанд.
Ҳамчунин дар он маърузаҳои Қутбия Ҳомидова дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Таърихи Ҳисор баёнгари фарҳанги миллат», Султонмурод Одинаев дар мавзӯи «Ёдгориҳои меъмории води Ҳисор», Ғуломҷон Мирзоев дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Фалсафаи сиёсии Мирзо Турсунзода», профессор Сайфиддин Акрамов дар «Мавзӯи иҷтимоӣ дар эҷодиёти Карим-девона» баромадҳои пурмуҳтавою ҷолиб намуданд. Дар маърӯзаҳо гуфта шуд, ки воқеан ҳам Ҳисори бостон махзани тамаддуни ориёӣ буда, таърихи куҳану маданияти қадимаи бою рангин дорад. Бозёфтҳои таърихиву меъморӣ, қисми зиёди намунаи осорҳои хаттӣ, мақбараҳо, харобаҳои зиёди афсонавӣ ва мавзеъҳои нотакрори таърихии ин сарзамин як ҷузъи сарнавишти миллати тоҷик буда, бояд эҳтиром ва арҷ гузошта шавад.
Дар қисмати адабию фарҳангии конфронс ҳунармандон Сайфиддин Акрамов ва Комилҷон Ғаниев бо иҷрои сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида сохтанд. Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯёни курси якуми факултаи молия ва қарз намунаи ашъор дар васфи Ҳисори шодмон бо маҳорати баланд қироат гардид, ки бозгӯи ватанпарастиву худшиносии миллии ҷавонони имрӯза аст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






