Фарҳанг ва тамаддуни Ҳисори шодмон

Ноябрь 21, 2014 13:42

 
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори шодмон рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм, кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Фарҳанг ва тамаддуни Ҳисори шодмон» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид. 
Тавре ки Машҳура Абдуллоева аз донишкадаи мазкур иттилоъ дод, дар кори он меҳмонон аз Ҳисори шодмон — Султонмурод Одинаев, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҳисори Зарнисор», Комилҷон Ғаниев, ҳофизи халқии Тоҷикистон, Сайфиддин Акрамов, ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Хайрулло Давлатов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ҳисор, Алиҷон Мирзоазизов, сардори корхонаи пиллапарварии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада Ашурбой  Солиев кушода, афзуд, ки боиси ифтихори халқи тоҷик аст, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 37-уми ЮНЕСКО дар қатори дигар ҷашнҳо таҷлили бошукӯҳи ҷашни 3000-солагии Ҳисор низ шомил гардидааст, ки он 10 сентябри соли 2015 дар кишварамон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад ва ҳамоиши имрӯза ҳам дар доираи он баргузор мегардад.
Иштирокчиёни конфронс филми мустанади омода намудаи донишҷӯёни курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандии факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандиро тамошо карда, маълумоташонро доир ба ёдгориҳои таърихии Ҳисори шодмон мукаммал сохтанд. 
Ҳамчунин дар он маърузаҳои Қутбия Ҳомидова  дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Таърихи Ҳисор баёнгари фарҳанги миллат», Султонмурод Одинаев дар мавзӯи «Ёдгориҳои меъмории води Ҳисор», Ғуломҷон Мирзоев дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Фалсафаи сиёсии Мирзо Турсунзода», профессор Сайфиддин Акрамов дар «Мавзӯи иҷтимоӣ дар эҷодиёти Карим-девона» баромадҳои пурмуҳтавою ҷолиб намуданд. Дар маърӯзаҳо  гуфта шуд, ки воқеан ҳам Ҳисори бостон махзани тамаддуни ориёӣ буда, таърихи куҳану маданияти қадимаи бою рангин дорад. Бозёфтҳои таърихиву меъморӣ, қисми зиёди намунаи осорҳои хаттӣ, мақбараҳо, харобаҳои зиёди афсонавӣ ва мавзеъҳои нотакрори таърихии ин сарзамин як ҷузъи сарнавишти миллати тоҷик буда, бояд эҳтиром ва арҷ гузошта шавад.
Дар қисмати адабию фарҳангии конфронс ҳунармандон Сайфиддин Акрамов ва Комилҷон Ғаниев бо иҷрои сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида сохтанд. Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯёни курси якуми факултаи молия ва қарз намунаи ашъор дар васфи Ҳисори шодмон бо маҳорати баланд қироат гардид, ки бозгӯи ватанпарастиву худшиносии миллии ҷавонони имрӯза аст.

 

Ноябрь 21, 2014 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд