Фавти ду кӯдаки ноболиғ дар паи заҳролудшавӣ
Хуҷанд, 8.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бо оғози фасли сармо дар шимоли кишвар боз як ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд иттилоъ доданд, 3 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 4 саҳар, истиқоматкунандагони деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ, ду хоҳараки хурдсол Шукрона Норакова, соли таваллудаш 2011 ва Саидмоҳ Норакова, соли таваллудаш 2013 аз дуди ангишт заҳролуд гашта, оқибат дар ҷои ҳодиса ҳалок гаштаанд.
Бояд гуфт, ки дар тӯли даҳ рӯзи охир дар миқёси вилоят ин дувумин ҳодисаи заҳролудшавии сокинон мебошад. Чанде пеш сокини ноҳияи Спитамен дар ҳавлии истиқоматии худ ҳалок гашт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






