Г. Саидова чӣ тавр иҷозаи ба Русия рафтанро пайдо намуд?
Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров хабар дод, моҳи августи соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Гулҷаҳон Саидова, ки аз ҳудуди Русия берун шуда буд, ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки барои баргаштан ба назди фарзандони ноболиғаш, ки дар Федератсияи Русия мебошанд, иҷозати вуруд диҳанд. Бино ба гуфтаи Саидова, вайро мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубош аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба муддати 5 сол берун кардаанд.Кормандони хадамот дар асоси аризаи мавсуф ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия ҷиҳати мусоидат мактуби расмӣ ирсол намуданд.Аз тарафи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба Гулҷаҳон Саидова имконияти дубора ворид шудан ба Федератсияи Русия дода шуд.Дар айни замон мавсуф дар назди фарзандонаш қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






