«Ганҷи сухан» дар ДДХ

Ноябрь 18, 2014 15:25

Душанбе, 18.11.2014.(АМИТ «Ховар»,Раъно Нусратуллозода).-15 ноябр дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  нишасти 122-юми маҳфили илмӣ  адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки  устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. 

Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, ректори донишгоҳи мазкур Анвар Мақсудов гуфт, ки  ин маҳфили бонуфуз, ки бо ибтикори олими соҳибназари тоҷик марҳум профессор Абдулманнони Насриддин аз як нишасти хурд ва бо ҳайате иборат аз чанд нафар  адибу  олим дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик шакл гирифта, дар кутоҳтарин муддат ба маҷлиси бузурги дорои мақоми вилоятӣ табдил ёфта, дар нишастҳои он на танҳо олимону шоирони қаламрави вилоят, балки суханварону суханшиносон аз тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат ва маърӯзаҳои илмӣ ироа намуда, маҳсули эҷодиёти рангини хешро манзур намудаанд.
Дар маҳфил доир ба мавзӯи «Осори пурбаҳои илмӣ, андешаҳо перомуни куллиёни ҳафтҷилдаи профессор Абдулманнони Насриддин» доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов гузориши муфассал  ироа  намуд. 

Ноябрь 18, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд