Гирифтани неруи барқ аз маданияти истифодаи он вобаста аст
Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо эҳтиёҷоти аҳолӣ ба қувваи барқ зиёд гардида, зарурати маҳдудияти неруи барқ ба миён меояд. Дар вилояти Суғд аз аввали моҳи октябр маҳдудияти неруи барқ ҷорӣ гардида, алҳол аҳолӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят 6,5-7 соат дар як шабонарӯз барқ мегирад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода:
«Имсол аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, тибқи нақшаи меъёрӣ, барои эҳтиёҷоти вилоят дар як шабонарўз 7,5 миллион кВт/cоат, неруи барқ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 33 ҳазор кВт/соат кам аст. Алҳол дар аксари ноҳияҳои вилоят дар як шабонарӯз 7 соат неруи барқ интиқол дода мешавад, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва Истиқлол, ки ин шаҳрҳо асосан истеҳсолианду хонаҳои баландошёна доранд, вазъият беҳтар буда, иншооти ҳаётан муҳим, корхонаҳои истеҳсоливу давлатӣ бо барқи зарурӣ таъминанд».
Озифхон Шарифзода ҳамчунин гуфт, ки солҳои охир бисёр неругоҳҳои нав мавриди истифода қарор гирифта бошанд ҳам, дар баробари зиёд шудани иқтидори неруи барқ талаботи аҳолӣ низ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар баробари ин дар давоми соли ҷорӣ дар вилоят 129 корхонаи саноатии хурду калон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳар сол дар вилоят 270 ҳазор м2 манзили истиқоматии нав бунёд гардида, садҳо иншооти нави тиҷоративу хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд, ки барои фаъолияти пурсамари онҳо барқ лозим аст. Fайр аз ин сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар шуда, имрӯз аз таҷҳизоти техникии ҳозиразамон бештар истифода мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо барқ кор мекунанд. Тибқи ахбори расмӣ, дар давоми соли 2014-ум ба маблағи 120 миллион сомонӣ таҷҳизоти гуногуни барқӣ, аз ҷумла кондитсионеру яхдон, радиатору таҷҳизоти гуногуни хӯрокпазӣ ба вилояти Суғд ворид шудааст.
«Дар маҷмӯъ, бо назардошти ҳамаи ин омилҳо талаботи вилоят ба неруи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 600 ҳазор кВт/соат дар як шабонарӯз афзудааст,-илова намуд манбаъ.
Бино ба маълумоти масъулин, дар фасли сармо нисбат ба тобистон талабот 2,5 маротиба афзун мегардад. Маълум мешавад, ки чанд соат гирифтани неруи барқ аз маданияти истифода низ вобаста аст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ байни мардум, шунидани арзу шикоят ва ё дархости онон дар бобати хизматрасонии соҳаи барқ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят телефони боварӣ амал мекунад, ки ба таври шабонарӯзӣ дар хизмати мардум аcт.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулини шабакаҳои барқӣ дар аксари манотиқи вилоят телефони боварӣ ташкил шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






