Хатнасури кӯдакон-иқдоми хайри муштарак

Ноябрь 10, 2014 10:18

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).- 5-уми ноябри соли равон бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми савобҷўёнаеро пеш гирифта, тўи суннатии 25 нафар фарзанди корманди кумитаи мазкурро муштарак бо ҶДММ «Фароз» ва Ассотсиатсияи шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода хатнасури дўстрўяконро табрик гуфт. Барои дар сатҳи зарурӣ ва хотирмон гузаронидани маросими хатна дастархони пурнозу неъмат густурда шуда, сарояндагони хушхон бо сурудҳои марғуб хотири ҳозиринро шод гардониданд. Туҳфаҳои арзандаву шириниҳое, ки барои кўдакон муҳаё шуда буданд, хурсандии онҳоро дучанд карданд.

Ноябрь 10, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд