Хонаҳои сокинони пойтахт гарм мешаванд

Ноябрь 14, 2014 11:51

Душанбе,  14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова ).- Конҳои  кишвар   марказҳои  барқу   гармидиҳии  пойтахтро  бо  ангишту  мазут   таъмин  мекунанд.
Мувофиқи  суханони   директори  Маркази   барқу  гармидиҳии  шаҳри  Душанбе  Умаралӣ  Ниёзов,  алҳол  созишнома  дар  бораи  истифодаи  ангишту  мазути  конҳои  Зиддӣ ва Фон — Яғноб   ба  имзо расидааст.
«То имрӯз  захираи  мазут   беш  аз 6  ҳазор  тонна  ва  ангишт 180  ҳазор тоннаро  ташкил  медиҳад», — хабар  дод Умаралӣ  Ниёзов. 
Ҳоло  дар  пойтахт  омодагирии Маркази  гармидиҳии  шарқию  ғарбӣ  ба фасли  зимистон  босуръат  идома дошта, таҷҳизоти  асосӣ ва  ёрирасон  таъмир  шудааст. 
Мувофиқи  маълумоти  Умаралӣ  Ниёзов,  дар  мавсими  нави  гармидиҳӣ  хонаҳои  ба  роҳи  асосии   гармидиҳӣ  пайвастшудаи  сокинони  пойтахт муттасил гарм  карда  мешаванд. 

Ноябрь 14, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад