Хонаи ятимон дар Тоҷикобод

Ноябрь 25, 2014 14:01

Душанбе,  25.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Пайрави  Қосим).- Ҳафтаи  гузашта маросими  расмии  мавриди  истифода  қарор  додани  хонаи  ятимони  «Ширинчашма» — и  ноҳияи  Тоҷикободи  водии  Рашт баргузор  гардид. Хонаи  ятимон  тибқи  барнома  ва ёрии  молиявии сафорати  ИМА  дар  Тоҷикистон  бунёд  шудааст. 
Тавре  ки  аз  сафорати  ИМА дар  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дар  ин  маросим раиси   ноҳияи Тоҷикобод Ализода Хоҷамир ва  муовини роҳбари  намояндагии сафорати  ИМА Роберт Бёрҷес  ширкат  доштанд. Мақсад  аз  лоиҳае, ки хонаи  ятимон  дар  ҳошияи  он  бунёд  шудааст, бо  манзил таъмин  кардани  ятимон  ва хонандагони  мактаб — интернат  аст. 
Иншооти  мазкур  хобгоҳ,  дарсхонаҳо  ва ошхонаро  дар  бар  мегирад.

Ноябрь 25, 2014 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад