Иҷлосияи таърихии ХVI- сароғози ваҳдату суботи ҷомеа
Душанбе, 13.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 23-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати тоҷикон» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар ҷамъомад ректори донишкада Ашурбой Солиев иброз дошт, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон хеле калон буда, он сароғози ваҳдату суботи ҷомеа маҳсуб мешавад. Моро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем ва барои баланд бардоштани руҳияи идеявии ҷомеа ва аҳамияти ғояи миллӣ ва ватанпарастӣ бикӯшем.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар маърузаҳои Сайрам Бақоева, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҷдиди ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон», Иқбол Ҷобиров, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ «Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати тоҷикон» шунида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






