Идомаи кори ҷаласаи 21 Гурӯҳи АвруОсиё дар Душанбе
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Имрӯз ҷаласаи 21 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё кори худро идома дод ва тибқи барнома қисми пӯшидаи он бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои Гурӯҳи АвруОсиё баргузор гардид ва масъалаҳои ташкилӣ, вобаста ба буҷети созмони мазкур ва тартиби гузаронидани аудити навбатии он баррасӣ гардида, санадҳои дахлдор қабул шуданд.
Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳисоботи ҷамъбастии гурӯҳҳои корӣ оид ба ҷараёни фаъолияти онҳо шунида шуда, як силсила масъалаҳои пешниҳоднамудаи онҳо дар ҷаласаи умумӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбат ба онҳо бо назардошти пешниҳоди иштирокчиёни ҷаласа хулосаҳои мувофиқашуда бароварда шуданд.
Ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур ва хулосаи махсуси Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) -ро оид ба баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи махсусми ин ташкилот ба ҳозирини ҷаласа манзур намуд.
Вобаста ба хориҷ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи назоратии Гурӯҳи АвруОсиё низ қарори якдилона қабул шуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи мазкур то 14 ноябр идома хоҳад ёфт, ки зимни он масъалаҳои муҳим оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муҳокима хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






