Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2014 12:43

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Чунонки зикр гардид, ин бино барои таваллудгоҳи замонавии бо стандартҳои аврупоӣ муҷаҳҳазгардида пешбинӣ шудааст. Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст. Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш ба наздикӣ дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфта буд. Ду тои дигар ҳамин гуна таваллудгоҳҳо дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор низ дар арафаи ба кор даромадан қарор доранд. Ояндаи наздик ду тои дигар ҳамин гуна таваллудгоҳҳо бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа сохта мешаванд. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳамин гуна таваллудгоҳҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Ноябрь 12, 2014 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид