Ифтитоҳи Маркази илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ба Маркази илмӣ-тадқиқотии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО)-и ВКД ташриф оварда, дар кушодашавии расмии он иштирок намуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки маркази мазкур аз се ошёна иборат буда, пурра навсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, техника ва лавозимоти хизматӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки вазири корҳои дохилӣ чанде пеш зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди марказ барои аз байни растаҳо гузаштан ва таъмин будан бо мошинҳои хурд ба масъулини соҳа супориш дода буд.
Бинобар ин, дар саҳни ҳавлии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ қолаби бозорҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шуда, дар он нақшаи чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ нишон дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии Маркази илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД-ро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят кард.
Дар айни ҳол дар ин марказ ду китобхона, майдони варзишӣ, ошхона, синфхонаҳо ва меҳмонхонаи барҳаво мавҷуд аст, ки бо тарзи замонавӣ таъмир гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳадаф аз таъсиси ин марказ муайян намудани сабаб ва омилҳои сӯхтор, таҳқиқу санҷиш ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз қисми навбунёди мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати бозори «Корвон», ки бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз ва ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд, боздид ба амал овард.
Қисми навбунёд дуошёна буда, бо ду адад нақлиёти оташнишонии муосир, қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҷои хоб, синфхона ва мошинсарой таъмин мебошад.
Дар саҳни бинои қисми навбунёди мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати бозори «Корвон» вазири корҳои дохилӣ дар назди ҳайати шахсӣ гуфт, ки вазифаи оташнишонон хеле пурмасъул буда, бехатарии шаҳрвандон ва молу амволи давлату миллат аз натиҷаи кори онҳо вобастагӣ дорад.
Таъкид гардид, ки барои сайқал додани савияи дониши назариявию амалӣ ва такмили ихтисоси худ пайваста талош варзида, дар баробари хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва пешгиирии оташнишонӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ҷузъу томҳои мақомот дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ саҳмгузор бошанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






