Имрӯз Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад

Ноябрь 7, 2014 13:34

Душанбе, 7.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Рӯзи театри тоҷик бо  шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад. Театри мазкур пас аз таъмири пурраи чормоҳа дари худро барои мухлисон боз намуд. Дар ин рӯз нахустнамоиши спектакли «Оинаи ду даврон» манзур мешавад, ки ба қалами драмнависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст. 
Гуфта мешавад, ки асари мазкур аз ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ, муборизаву ҷонталошиҳои вай баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад. 
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат дар ин рӯз  ҳамчунин 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта мешавад ва ҳайати эҷодии театр бахшида ба ин рӯйдод армуғонеро омода намудааст. 
Гуфта мешавад, ки дар интиҳои Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин ҳунарпешаҳои театр мукофотҳо супорида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театрии кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд. Имсол яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар таърихи театри тоҷик — ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» мебошад, ки он дорои беш аз 200 ҷойи нишаст буда, макони нави фароғати ҳамдиёрону меҳмонони пойтахти кишварамон хоҳад гардид.
  Метавон гуфт, ки дар масири 20 соли истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ мегузорад.
 
 

Ноябрь 7, 2014 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад