Иштироки Қ. Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои Сарвазирони ИДМ

Ноябрь 21, 2014 19:15

Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 20-21-уми ноябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон қарор дошт. 20 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамадов баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби Сарвазири мамлакат паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон расонида шуд. Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат ва роҳу нақлиёт баррасӣ шуд.21 ноябр ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ наздик ба бист масъалаи марбут ба ҳамгироиҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангии давлатҳои узви ИДМ муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки имконоту захираҳои давлатҳои узви иттиҳод ҷихати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, роҳу нақлиёт,илмию техникӣ ва фарҳангӣ афзун буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди бемайлони ҳамкориҳои кишварҳои иттиҳод дар соҳахои афзалиятнок мебошад ва дар ин самт истифодаи пурраи захираю имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзоро пешниҳод менамояд.Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти навбатии худ бо иштироки ҳайатҳои васеъ ҳамзамон масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа, рафти татбиқи қарор оид ба тиҷорати озод ва Стратегияи рушди ҳамкориҳои давлатҳои узви ИДМ-ро барои то давраи соли 2020, ки рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзоро дар соҳахои илму фарҳанг, туризм ва технологияи нав пешбинӣ менамояд, баррасӣ намуданд. Аз баргузории кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои ИДМ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори умум натиҷагирӣ карда шуд.

Ноябрь 21, 2014 19:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад