Иштироки Қ. Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои Сарвазирони ИДМ
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 20-21-уми ноябри соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон қарор дошт. 20 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамадов баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби Сарвазири мамлакат паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон расонида шуд. Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор дошта, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат ва роҳу нақлиёт баррасӣ шуд.21 ноябр ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ наздик ба бист масъалаи марбут ба ҳамгироиҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангии давлатҳои узви ИДМ муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки имконоту захираҳои давлатҳои узви иттиҳод ҷихати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, роҳу нақлиёт,илмию техникӣ ва фарҳангӣ афзун буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди бемайлони ҳамкориҳои кишварҳои иттиҳод дар соҳахои афзалиятнок мебошад ва дар ин самт истифодаи пурраи захираю имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзоро пешниҳод менамояд.Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти навбатии худ бо иштироки ҳайатҳои васеъ ҳамзамон масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа, рафти татбиқи қарор оид ба тиҷорати озод ва Стратегияи рушди ҳамкориҳои давлатҳои узви ИДМ-ро барои то давраи соли 2020, ки рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзоро дар соҳахои илму фарҳанг, туризм ва технологияи нав пешбинӣ менамояд, баррасӣ намуданд. Аз баргузории кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои ИДМ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори умум натиҷагирӣ карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






