Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси СММ
Душанбе, 07.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 3-5 ноябри соли 2014 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия дуюмин конфронси СММ барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ баргузор гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насриддинов муаррифӣ намуданд.
Конфронси мазкур бо мақсади татбиқ ва ҷамъбасти натиҷаҳои нақшаи амали Алмаато, ки соли 2003 қабул гардид, ташкил шуда, зимни он қабули Барномаи амали Вена миёни ҳайатҳо баррасӣ шуд. Ҳадафи асосии қабули ҳуҷҷати мазкур қабл аз ҳама расонидани кумаки бештар ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, рушди инфрасохтор, афзоиши гардиши савдо, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии байналмилалӣ ва дигар самтҳо мебошад.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз карда, сипас вазири федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Себастиан Куртс раиси конфронс интихоб гардид.
Дар конфронс ҳамчунин Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Ҳайнс Фишер, раиси Маҷмааи Умумии СММ Сэм Кутеса, раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Мартин Сайдик, муовини Дабири кулли СММ оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии савдо Роберту Карвалю ди Азеведу сухан гуфтанд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1500 нафар иштирокчиён, роҳбарону намояндагони воломақом аз 120 давлат, аз ҷумла кишварҳои донор, созмонҳои бонуфузи байналмилалаву минтақавӣ ва дигар меҳмонони баландпоя ширкат доштанд.
Дар баробари конфронс Форуми соҳибкорон баргузор шуда, 4 ноябр дар он намояндаи ҳайати Тоҷикистон бо гузориши муфассал сухан кард.
Худи ҳамин рӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Япония таҳти роҳбарии муовини парламентии вазири корҳои хориҷӣ, аъзои Палатаи намояндагони Парламент Кэнтаро Соноура мулоқот намуд.
Дар интиҳои конфронс «Барномаи амал барои кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ барои даҳсолаи 2014-2024» ва Эъломия Вена қабул шуданд.








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






