Иштироки Э. Раҳмон дар “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ”
Душанбе, 08.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуд.Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғоз ёфт.Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пекин роҳбарони давлатҳо ва ё ҳукуматҳо аз 8 кишвари қитъаи Осиё – Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар ва ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд.Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором аст.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, пеш аз ҳама ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои даъват ба ин ҳамоиш ва сатҳи баланди пазироию меҳмоннавозӣ арзи сипос кард. Ӯ ҳамчунин ба ташаббуси Чин доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайриаъзои созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣ номид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси роҳбарияти Чинро доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим дорои аҳамияти таърихию тамаддунӣ номида, изҳор дошт: “Мо инро боз як имкони ҳалли вазифаи стратегии рушди муштараки минтақавӣ мешуморем”.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






