Иштироки футболбозони ҷавон дар мусобиқоти барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2015

Ноябрь 21, 2014 14:12

Душанбе,  21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи   мунтахаби  ҷавонони  Тоҷикистон  оид  ба  футбол  (бозингарони  соли таваллудашон  1994 ва аз он  ҷавонтар)  бо  роҳбарии  сармураббӣ  Алишер  Тӯхтаев  дар  мусобиқоти байналмилалӣ  барои  дарёфти  Ҷоми Иттиҳод — 2015, ки  аз  16  то  25  январ дар  шаҳри  Санкт — Петербург баргузор  мешавад,  иштирок  менамояд. 
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, ҳайати пурраи  иштирокдорони  мусобиқот  ҳанӯз  муайян  нашудааст. Тахмин  меравад, ки  дар  ин  мусобиқот  16  дастаи  футболбозони  ҷавон  иштирок  мекунанд. То имрӯз 11  даста,  аз ҷумла дастаҳои  мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон,  Русия  ва Ҷумҳурии  Африқои  Ҷанубӣ барои   иштирок  дар  ин мусобиқот  дархост  додаанд. 
Ёдовар  мешавем, ки дастаи  мунтахаби  Украина дар  вохӯрии  ниҳой  дастаи  мунтахаби  Русияро   бо  ҳисоби  4:0 мағлуб  сохта,  ғолиби Ҷоми Иттиҳод  —  2014 гардида буд. 

Ноябрь 21, 2014 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад