Иштироки футболбозони ҷавон дар мусобиқоти барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2015
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (бозингарони соли таваллудашон 1994 ва аз он ҷавонтар) бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2015, ки аз 16 то 25 январ дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати пурраи иштирокдорони мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст. Тахмин меравад, ки дар ин мусобиқот 16 дастаи футболбозони ҷавон иштирок мекунанд. То имрӯз 11 даста, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ барои иштирок дар ин мусобиқот дархост додаанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Украина дар вохӯрии ниҳой дастаи мунтахаби Русияро бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохта, ғолиби Ҷоми Иттиҳод — 2014 гардида буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






